Таърих ҳамаи амалҳои зишти наҳзатиҳоро бо хунхориашон маҳфуз нигоҳ доштааст

Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқхизби наҳзати Ислом аз моҳи сентябри соли 2015 фаъолияташ дар ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Таърих ҳодисаҳои сайёраро ро дар худ нигоҳ медорад. Чих еле, ки дар филми мустанади «Хиёнат» мушоҳида намудем, таърих ҳамаи амалҳои зишти наҳзатиҳоро бо хунхориашон маҳфуз нигоҳ доштааст ва имрӯз насли ҷавон симои онҳоро пурра шинохта истодааст.

Аз ҳикматҳои равшанфикрон бармеояд, ки: «Амале агар коштед, одате дарав хоҳед кард. Одате агар коштед, ахлоқе дарав хоҳед кард. Ахлоқе агар коштед, сарнавиште дарав хоҳед кард»

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбари наҳзатиҳо Муҳиддин Кабирӣ бо ахлоқи ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ ва нотавонбиниаш ахлоқеро соҳиб гардид, ки сарнавишти худро аз он дарав мекунад. Роҳбарону аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломро ҳеҷ гоҳ ҳамчун як ҷиноякори оддӣ пазируфтан ба мақсад мувофиқ нест. Ин гурӯҳи нохалаф бояд ёд гиранд, ки меҳру муҳаббат кардан барои инсон чизи бениҳоят муҳим буда, натиҷаҳои судманду роҳаткунанда доранд.

Итминони комил дорам, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда дар ин филм ҳамаи мо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеъа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳикмату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар намоем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеъаро таъкид менамояд, ки мо ҳеҷ вақт бо ҳзби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин далел ба мисоли мақоле, ки «Аз як гиребон сар бароварда» дар атрофии давлату ҳукумат ва Пешвои миллат сарҷамъ омада, бар зидди ҳамаи зуҳуроти номатлуби ҷомеъа, падидаҳои сиёсии ба Ислом олудакардашудаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барем. Аҳли ҷомеъа бояд дақиқан ин суханони роҳбари давлатро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Асри 21 барои миллати тоҷик асри пур аз дастовардҳои назаррас ва дастгириву пуштибони намудани андешаҳои солими сарвари давлат аз тарафи давлатҳои дунё гувоҳи мавқеъи устувории кишвари азизамон Тоҷикистон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Хоруғ Риҷабекова К.

Search