Оинаи шикастаи наҳзат дар Фесбук

Ё чаро ҳадафҳои наҳзатиён пайиҳам ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад?

Бо фирор ба Аврупо наҳзатиён дар оғоз ба ин умед доштанд, ки тариқи минбарҳои баланд, аз ҷумла бо суиистифода аз озодии сухану плюрализми сиёсӣ метавонанд Тоҷикистонро бадном кунанду ба ин восита симои онро дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ нишон диҳанд. Вале иштироки онҳо дар чанд ҷаласаи ОБСЕ масъулони ин ташкилотро водор кард то дарро ба рӯи онҳо банданд ва дар идома ба конфронсу ҷаласаҳояшон даъват накунанд. Зеро маданияту одобу бархурди онҳо ба масъалаҳо, махсусан ба намояндаҳо аз Тоҷикистон ба ҳадде примитив буд, ки натиҷаи баракс дод. Яъне онҳо дигар ба кафки даҳон парронидани онҳо ва шиорпартоиҳояшон бовар надоштанд. Баракс, ҳарфу андешаю даъвои онҳо дар лабони сиёсатмадорони аврупоӣ заҳрханду тамасхурро ифода мекард.

Думболаи ин, наҳзатиён чанд кушиши барҳадари таъсис додани телевизиёну радиё карданд. Вале ин кушишҳо низ барбод рафтанд, чунки ин амал натанҳо маблағи зиёд мехост, ки охундҳои сарпараст доданӣ набуданд, балки иҷозатномаи махсуси ҳукуматҳои аврупоиро талаб мекард.

Чун ин ҳадаф низ амалӣ нашуд, онҳо ба сохтани пойгоҳҳои хабарӣ дар шакли сайту оҷонсиҳои гуногун сар карданд. Бо ин мақсад муллоҳои аз мактабҳои махсусии ҷосусии Покистону Афғонистон гузашта, ки ҳунари суханварӣ доштанд, ҷалб гардиданд. Фаъолтарини онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин буд, ки аслан рисодати журналистро аз мулло фарқ намекунад. Дар ҳамин ҳол, аз ин маҷсади эшон огоҳ гардида, мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон зуд фаъолияти ин сайтҳоро дар дохили Тоҷикистон манъ карданд. Акнун сайтҳои онҳо танҳо барои худашон ва нафарони берун аз Тоҷикистон буданд.

Чун ин ҳадаф низ барҳадар рафт, онҳо ба ҷалби расонаҳои интернетӣ оғоз карданд. Дар ин ҷода сайти интернетии Ахбор сом фаъолтар буд, ки ба ивази маблағ барои онҳо минбар медод. Ин амали Ахбор сом аввал дили хонандагонашро хунук кард, вақте мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба ҷустуҷуи муаллифону хабарнигорони беноми он оғоз карданд, оҳиста –оҳиста ин сайт бемуаллиф монд. Ниҳоят маҷбур шуд, эълон кунад, ки дигар фаъолияташро бинобар бемуаллифӣ қатъ мекунад. Ин тири Наҳзат, ки дар симои Ахбор сом минбари аз ҳама фаъоли хешро пайдо карда буд, барбод рафт.

Дар ин байн, радиёи Озодӣ хост ба раиси наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ хидмат кунад. Бо ин мақсад рақиби деринаи вай Додоҷони Атовулло, мухолифи андешаҳои вайро ба суҳбати ру ба ру хонд. Вале ин ба хонаи занбур алов мондан буд. Ба ҷавли таҳлилгар Саймиддин Дустов, ки аз ҷумлаи мухолифони рушанфикр аст, ин баҳс 60 бар 40 ба фоидаи Додоҷон анҷом ёфт. Баъди ин баҳс, Атовуллоев сабти суҳбати Кабириро бо як зани собиқаш расонавӣ кард, ки вокуниши шадиде ба думбол дошт ва Кабириро шармандаи ду олам кард. Кабирӣ дар ин суҳбати тилфонӣ чунон ба дашному ҳақорати ин мазлума пардохт, ки ҳатто ҷонибдоронаш ба ин амали ӯ нафрат хонданд.   

Кабирӣ маҷбур шуд, ки дар як гузориши интернетӣ ин ҳодисаро тасдиқ кунад ва бигӯяд, ки “ҳамаи мо гуноҳ дорем”, вале боз ҳам ӯ барои дашному ҳақораташ ин мазлума бахшиш напурсид.

Думболаи ҳамаи ин, яке аз нафароне, ки як замон дар нашрияҳояш “Нигоҳ”, оҷонсии “Тоҷнюс” ба ин наҳзатиён майдон медод, дар гузориши интернетӣ эшонро ба дуздию суиистифода аз матолибаш айбдор кард ва домони дигар нафарони рушанфикрони ба наҳзатиён руй оварда, - Алим Шерзамонов ва Темур Варқиро гирифт.Ин бархурди шадид бори дигар наҳзатиёнро ҳушдор дод, ки дигар қисми рушанфикри мухолиф фирефтаи тумору дуои онҳо нахоҳад шуд ва хатои солҳои навадумашро такрор нахоҳад кард.

Хулоса, ҷангҳои иттилоотии наҳзатиён комилан шикастхурдаву якояк аз чеҳраҳои маъруфи он мисоли Равшани Темуриён, Ҳакими Раббимпур ва дигарон сафи ин паймони бепаймонро тарк карда истодаанд.  Он руз дур нест, ки Кабирӣ дар ин майдон танҳо монаду бо ҳазорон узру тавба орзуи бозгашт ба зиндони Тоҷикистонро кунад.

Салими Сонӣ, таҳлилгар

Search