«Ахбор.ком»-у «Бомдод.ком» ё худ лубиёву каду

Рӯзҳои охир дар шабакаи интернетӣ сомонаи наве бо номи  «Бомдод.ком» фаъолияти худро оғоз намудааст. Аслан вақте ба мақолаҳои ин сомона назар меафканӣ, саропо мазмуни иғвогароёна ва беасосро нисбати Тоҷикистон ба нашр расонидааст. 

Банда пас аз мутолиаи мақолаҳои дар сомонаи нвтаъсиси «Бомдод.ком» нашр гардида, хостам хома ба даст гирифта, барои ҳимояти миллату кишвари худ якчанд, сухане бинависам.

Аз хотир набояд баровард, ки ҳануз санаи 08.04.2020 Ҳалномаи Суди Олии ҶТ оиди бастани сомонаи «Ахбор.ком» дар ҳудуди ҶТ ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда буд. Ҳафтае гузашта, сармуҳаррири сомонаи мазкур Мирзои Салимпур оиди қатъ намудани фаъолияти «Ахбор.ком» дар сомонаи интернетӣ эълон кард. Аммо, чандруз қабл М.Салимпур фаъолияти «Ахбор.ком»-ро қатъ накарда, номашро ба «Бомдод.ком» иваз намудааст.

Қаблан, низ сармуҳаррири ин сомона Мирзои Салимпур, ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «ҲНИ», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ хидмат мекард.

Мирзои Салимпур фирефтаи гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ гардида, «Ахбор.ком»-ро қаблан ба минбари асосии гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ табдил дода буд. Имруз навбат ба «Бомдод.ком» расидааст.

Мардуми тоҷик то ҳол дар хотир дорад, ки дар оғози соли ҷорӣ кишвари азизи мо ва умуман тамоми дунёро паҳншавии бемории «Ковид-19» ба ташвиш овард, сармуҳаррири «Ахбор.ком» ё худ «Бомдод.ком»-и имрӯза бо баъзе аз хоинони миллати тоҷик дар Аврупо истода, аз бемории ба сари мардуми тоҷик омада, хурсандӣ карда буданд.

Мирзои Салимпур, соат ба соат маълумотҳои бофтаву сохтаи беасос ва носаҳеҳро аз куҷое пайдо намуда, то имрӯз шумораи гирифторони бемории «Коронавирус»-ро даҳҳо маротиба зиёд нишон медиҳад.

Салимпури курнамак, Ҳукумати ҶТ-ро ба ин ҳамаи ҳолат гунаҳкор намуда, бо ин роҳ худро мехоҳад «дилсузи мардум» нишон диҳад. Аммо Салимпури хоин бояд бидонад, ки суханони душмани миллатро мардуми тоҷик кайҳо пай бурдаанд ва ба мақолаҳои беасоси ӯ дигар касе бовар нахоҳад кард.

Мардуми тоҷик бояд имруз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро то имрӯз  сомонаи «Ахбор.ком» ба мағзшуии ҷавонону наврасони ноогоҳ машғул буд, аз ин пас номи сомонаи террористиву экстремистиро М.Салимпур ба «Бомдод.ком» иваз намуда, мехоҳад фаъолияти иғвогаронаи худро боз густариш диҳад.

П.Саодатқамов, нафақахур,

 сокини ноҳияи Шуғнон

Search