Парчам - рамзи давлатдории миллӣ

Ҳар сол рузи 24-уми ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

 Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик эҳтирому мақоми баланд дорад. Дар оғоз Парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Дирафши Коваи оҳангар муқаддасоти беназири рамзи ғурури миллӣ ва мояи ифтихор барои таъмини ваҳдату ягонагӣ ба шумор мерафт. Дар китобҳои таърихӣ ва достонҳои безаволи миллати мо нақлу ривоёти фаровоне ҷо доранд, ки ҳамагӣ аз ҷонсӯзиву ҷонсупории қаҳрамонони миллӣ барои ҳифозати парчам ҳикоят мекунанд. Суннати дерини ниёкони мо будааст, ки агарчӣ дар ҷангу набардҳо ба шикаст мувоҷеҳ мешуданд, пеш аз ҳама, кӯшиш менамуданд, ки парчами миллиро бо худ бубаранд, то он ба дасти душман нарасад. Маҳфуз доштани парчам ва бо он ҷонсупорӣ намудан бузургтарин пирӯзӣ барои миллати мо будааст ва пайванди ҳамин ҳикмати беназири ниёкон ба зиндагонии воқеии мардуми мост, ки то кунун маросими қасамёдкунӣ зери ин ливои муқаддас сурат мегирад.

Рангҳои Парчами миллии тоҷикон сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз бостон то замони мо расидаанд. Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст.

Албатта, мо наметавонем Рузи Парчами миллиро бе заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намоем. Сарвари давлати тоҷикон бо ғамхории беандозааш тавонист ба мардуми тоҷик сулҳ оварад, муқаддаоти миллиашро аз нав эҳё намуда, кишварро аз парокандагӣ наҷот диҳад.

Ҳоло бо дили пур гуфта метавонем: Пешвои миллат таъмини пурраи Ваҳдати миллиро фароҳам овард ва мардуми кишварро барои бунёд намудани давлати навини мутобиқ ба замони муосир раҳнамун сохт. Савол ба миён меояд бо кадом роҳ, бо саъю талош ва заҳматҳои кӣ? Беихтиёр тамоми таърихи тоҷикон дар пеши назар ҳар як инсони солимфикр варақгардон гардида, симои ин марди бузург, устувор ва сарсупурдаи миллат бо чашми қалб намоён мегардад.

Оре! Он дақиқаҳое, ки Истиқлолияти кишвари мо чун киштии дар баҳри пур аз тазодду тӯфонӣ ҳаводис, аз нооромиҳои андешаҳои нохалафон ҳар тараф алвонҷ мехурд, фаромӯш нахоҳанд шуд ва таърих инро сабт менамояд. Лекин ба бахти мардуми Тоҷикистон барои наҷоти ин киштӣ Худованд ба мо инсонеро ато намуд, ки нахустин қадамаш баҳри наҷоти мардум нерӯи хешро равон намуд. Ҳамин саробон буд, ки бинои шикастаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии миллати тоҷикро куллан аз нав эъмор карда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун як давлати мустақил ва озод нишон дода тавонист.

Он суханоне, ки аз қалбу нияти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизиониашон ба муносибати Рӯзи Парчам санаи 23-юми ноябри соли 2010, рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:

“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «Парчам» байрақ, ливо ва пӯпаки абрешимин, ки ба байрақ баста мешавад ифода ёфтааст.

Вожаи «Дирафш» чун олоти нӯгтези дастадор барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан, парчам, ливо, байрақ, дирафши ковиёнӣ, дирафши сурх, дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш ифода ёфтааст.

Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ чунин тасвир кардааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…

Чу он пӯст бар найза — бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».

Санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Парчами навини Тоҷикистон имрӯз ҳамчун баёнгари Истиқлолу озодӣ, ҳувияти миллӣ ва нишони ҳастӣ моро ба сӯи корномаҳои созандаву бунёдкор ҳидоят мекунад. Ҷавонони фаъолу ватандӯстӣ мо бо нишон додани қудрату тавони зеҳниву фикрӣ, ақлониву ҷисмонии хеш мояи парафшонии Парчами миллии мо дар саросари олам гардидаанд. Дастовардҳои варзишгарон ва намояндагони дигар бахшҳо бори дигар моро итминон мебахшад, ки ҷавонони миллати азизамон бо дарки оини ватандорӣ ва шинохти муқаддасоти миллӣ садоқат ба меҳанро собит намуда, ҳамеша барафрозандагони Парчами миллӣ ба унвони рамзи шукӯҳу ифтихори миллӣ ҳастанд ва хоҳанд монд.

Директори китобхонаи вилоятии

 ба номи А.Рўдакӣ Г.Орумбекзода

Search