Аз шарри “Ахбор.ком” раҳидем

Мирзои Салимпур, ки дар миёни ҷомеаи журналистии тоҷик ба унвони фурӯхташудатарин намояндаи ин соҳа эътироф шудааст, бо нашри “изҳорот”-е гуфт, фаъолияти сомонаи иғвопарокани “Ахбор.ком” (маъруф ба лоиҳаи “Ахбор.ком”)-ро қатъ мекунад.

Дуруст, ин “қатъи фаъолият” як тасмими маъмулист, ки аз муваффақ нашудани Саимпур ва сомонааш дарак медиҳад, ё ба қавли дигар, аслан, хабари беарзишест, ки ҳеч намеарзад, биншиниву вақту нерӯ сарф карда, ба таҳлил бигирӣ.

Шояд воқеан, чунин мебуд, агар ин тасмим дар пасманзари муваффақона баргузор гардидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон гирифта намешуд.

Ба назари инҷониб, тасодуф нест, ки маҳз баъди баргузории интихоботи муваффақ ва орому босуботи президентӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, бошукуҳ ва мутантан баргузор гардидани маросими савгандёдкунӣ, ин лоиҳаи хориҷии таъсиргузорӣ ба интихобот аз анҷоми худ дарак дод.

Аммо он чӣ ки мушаххас аст, ин аст, ки лоиҳа муваффақ нашуд. Балки ин як нокомии амиқи неруҳои ифротӣ ва сарпарастони онҳост.

Гап сари он аст, ки ҳанӯз аз замони таъсисёбияш ин сомона ҳадафи худро ба тағйири режим дар Тоҷикистон равона сохта буд. Ин, ки дар ҳар гӯшаи сомона маводи иғвобарангези марбут ба интихобот ҷой мегирифтанд, ё номзадҳои “алтернативӣ” аз ҳисоби аъзову роҳбарияти неруҳои террористӣ (дар мисоли ТТЭ ҲНИ), гуруҳҳои ифротгаро (дар мисоли “Гуруҳи й4”), мухолифин (дар мисоли ҲСДТ) таблиғ мешуданд, аз ҷумлаи ҳамин талошҳои Салимпур ва лоиҳаи “Ахбор.ком” буданд.

Мирзои Салимпур борҳо эътироф кардааст, ки сарпарасти “Ахбор.ком” хориҷиҳоянд. Баъзе таҳқиқоте ҳам нашр шуданд, ки дар куҷо, аз кӣ ва бо чӣ ҳадаф пул гирифтани ӯро фош карданд. Яъне, ин сомона ва муассисаш бо дасти худу дастури сарпарастон ба мардумситезӣ, ҳукуматбадбинӣ ва терроризмпарастӣ даъват менамуд ва аз ҳамин ҳисоб нон мехӯрд.

Ҳоло ӯ дар изҳороташ сабаби қатъи фаъолияташро ба Қарори Суди Олӣ марбут донистааст, ки гӯё “дар фаъолияти сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба бор овард”.

Аммо нагуфтааст, ки Суди Олӣ ин сомонаро маҳз барои он ки ба Ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунад, мамнӯъ эълон кард.

Намедонам, манъи фаъолият барои ҳамкорӣ ва таблиғи терроризму экстремизмро боз чӣ гуна тафсир кардан мумкин аст, аммо ин яқин аст, ки ҳеч як ҷомеаи демократӣ ё ҳукумати мардумсолор иҷоза намедиҳад, ки хатаре дар шакли терроризми иттилоотӣ (дар мисоли “Ахбор.ком”) зуҳур кардаву реша давонад. Қарори Суди Олӣ аз ҳамин ҷост.

Аммо “мушкилоти ҳуқуқӣ”-е, ки зикр шудааст, марбут ба ин аст, ки дигар сарпарастон ҳам муваффақ нашудани лоиҳа ва фош шудани нақшаро дарк карданд ва аз идомаи маблағгузорӣ даст кашиданд.

Дар ин чор, ки “Ахбор.ком” фаъолият дошт, дар Тоҷикистон шояд мансабдоре нест, ки мавриди таҳқиру туҳмати ин сомона қарор нагирифта бошад. Шояд хабарнигоре ҳам нест, ки Салимпур “подстава” накарда бошад.

Дар ҳар сурат, хайрият ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз шарри ин сомона раҳо ёфт.

Search