Маориф аз нигоҳи Пешвои миллат

Беҳронов Ҷумъа

Ҳар як ниҳоди ҷамъиятӣ дар дид ва назари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ қарор гирифта, нисбати он Пешвои миллат нигоҳи махсуси хешро равона карда истодааст. Маориф, ки самти асосии пешрафти кишвар маҳсуб меёбад ва онро калиди асосии пешрафти давлат номидааст, аз рўзҳои аввалин бар сари қудрат омадани сарвари мамлакат мавқеъ ва ҷойгоҳи муҳим дошта, ғамхории ҳамаҷонибаи хешро дар ин соҳа бедареғ равона карда истодааст.

Ҳанўз аз оғози ваъолияти хеш муҳтарам Ҷаноби олӣ соҳаи маорифро «самти асосӣ ва стратегӣ» эълон карда, омили асосӣ ва муҳимтарини рушд ва пешрафти давлат номида буданд. Ин соҳаи муҳими ҷамъият бо ибтикори созандаву иқдомоти Пешвои миллат ва шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо ҷуръати тамом пешрафт намуда, ба комёбиҳои беназире ноил гардид. Дар рушди босуботи ин соҳаи муҳим пеш аз ҳама баланд бардоштани иқтисодиёт маҳсуб ёфта, ба ин хотир сол ба сол музди меҳнати кормандони маориф баланд бардошта шуда, шароити мактабҳо низ ба замони муосир мутобиқ гардид. Имрўзҳо қариб дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои типи нав, литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат сохта шудаанд, ки гувоҳӣ аз таваҷҷўҳи бемайлони ҳукумат ва шахсан Президенти мамлакат ба ин соҳа мебошад. Бо иқдоми Пешвои миллат 161 мактаби типи нав, аз ҷумла, 85 гимназия, 65 литсей ва 9 мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд гардидаанд.  

Самти дигари ғамхории мамлакат ва аз он ҷумла, Сарвари давлат аз он ҳувайдо мегардад, ки ҳар як мактабҳои ҷумҳурӣ аз техника ва технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҳанўз аз соли 2015 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат 1563 компютер, 647 принтер ва ҳамчунин дар солҳои минбаъда низ чунин маблағгузориҳо баҳри таҷҳизонидани мактабҳо бо асбобҳои айёнӣ ва технологияи ҳозиразамон диққати махсус дода шуда, имрўз тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ аз ин техналогия дар канор нест.

Бояд тазаккур дод, ки бо фароҳам овардани чунин шароит албатта пешравии хонандагон ва донишҷўён низ назаррас буда, сол то сол шумораи иштироккунандагони олимпиадаҳои байналмилалӣ зиёд шуда истодааст. Бо ин мақсад, барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Барномаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасдиқ кард, ки тибқи талаботи он дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст.

Бе сабаб нест, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ҳанўз дар маҷлиси фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 31 октябри соли 2006 иброз доштанд, ки: «Бояд хотиррасон намуд, ки беҳбудии вазъи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас мо дар мамлакат ба сатҳи сиёсати давлатӣ баровардаем. Бо мақсади ба эътидол овардани шароити муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ дар доираи созандагиву бунёдкорӣ дар баробари маблағгузории давлатӣ ҳар сол аз фонди захиравии Президенти мамлакат маблағҳои мақсаднок ҷудо карда мешаванд».

Бо ин ҳадафи неки сарвари мамлакат дастгириву ғамхорӣ на танҳо дар ҳаққи донишҷўён ва хонандагон пайваста ба роҳ монда шудааст, балки барои омўзгорон низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро Сарвари дурандеши мамлакат омўзгорро ҳамчун чеҳраи асосии мактабу маориф эътироф карда, қайд мекунад, ки: «Муаллимро дар ҷомеаи мо ҳамчун шахси нурбашу пешоҳанги ҷомеа, тарғибгари фарзандон ба илму дониш ва инсони нексирату некном иззати эҳтиром мекунанд. Омўзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзандони худро ба умеди ояндаи нек ва ба хотири соҳиби рўзгори сазовор гардидан ба ў месупорад».    

Пешвои миллат ҳамчун шахсияти нотакрори меҳанпарасту тамаддунофари хеш ва қадришиноси бемисл нисбати таърих ва ниёгони худ таваҷҷўҳи махсус дошта, идомадиҳандаи нобиғони оламгири аҷдоди бофарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Бино ба қавли шоири тоҷик Сайидои Насафӣ:

      Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан,

      Моҳи навро рафта рафта чарх оламгир кард.   

Ҳар сол дар Паёми худ ба Маҷлиси милии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари мамлакат барномаи яксолаи самтҳои гуногуни давлатро ироа намуда, маорифро ҳамчун самти бунёдкорӣ ва стратегӣ номгузорӣ намуда, барномаҳои мушаххасро дар ин самт тарҳрезӣ менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2019 барномаи чандинсолаи бахши маорифро эълон намуда, таваҷҷўҳи аввалиндараҷа додан махсусан, ба фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносиро таъкид сохта, 20 солаи омўзиши дақиқи ин фанҳоро таъкид сохтаанд: «… барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 – бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад».

Ба ин хотир, барои кулли сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон як фурсате аст, то баҳри пешрафти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ саҳмгузорӣ намуда, барои тайёр намудани мутахассисони ин соҳаҳо ҳар се ниҳоди ҷомеа (оила, мактаб ва ҷомеа) бояд якдаста кўшиш намоянд, ки ба ин ҳадафи Сарвари мамлакат ноил гардида, онро сарбаландона ҷонибдорӣ намоянд. Зеро пешрафти ҷомеаи имрўз танҳо тавассути ин илмҳо сурат гирифта, барои ҳамқадами замон будан танҳо тавассути пешрафти ин илмҳо метавонем ба он ноил гардем.

Ҳамин тариқ, тазаккур бояд дод, ки Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори намоёни асри 21 ҳама вақт кўшиш менамоянд, ки ин сарзамини аҷдодияш бояд аз дигар мамолики ҳамсоя ва ғайр қафо намонда, баракс дар масоили зиёде алакай пешрафт кардааст ва мақсад дорад, ки барои пешрафти халқу кишвар ва кулли мардуми ин сарзамин кўшишҳо ба харҷ дода, танҳо бо ҷонибдории ин ниҳод, яъне соҳаи маъориф ба пешрафтҳои бузурге ноил хоҳад гардид.

Search