Наҳзатиҳо хеҷ гоҳ ба инсони солим табдил намеёбанд

Филми мустанади «Хиёнат» тамоми кирдорҳои ғайриинсонии ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби нахзати Ислом (ташкилоти террористӣ-экстремистии Паймони миллии Тоҷикистон)-ро дар бар мегирад. Бадбахтӣ он аст, ки роҳбарияти кунунии террористони наҳзатӣ аз Ватан фирор шуда, дар хориҷӣ кишвар бо хоҷагонаш умр ба сар бурда, то имрӯз низ ба худ савол намедиҳанд, ки андешаи нопок хато мехӯрад.

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз барои мардуми ҷаҳон як бозичаи рӯйи даст шуда, ҳамчун фишанги геопалитикӣ истифода мешавад.

Нагардад хотир аз норост хурсанд,

Ва-гар худ гӯи, онро рост монанд.

Суханро зеваре ҷуз рости нест,

Ҷамолӣ маҳ ба ҷуз нокости нест.

Аз мафҳумҳои зикршуда, хулоса баровардан мумкин аст, ки мақсади асосии ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби нахзати Ислом тағйир додани фаъолияти давлат ва нест кардани генофонди миллат мебошад. Роҳбарону аъзоёни наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардуруғ намуда, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Ақли солими миллати тоҷик имрӯз дар зери таъсири идеологияи сатҳи пасти инсонии ин ноҷавонмардони заиф нест ва нахоҳад буд. Ягона амалеро, ки зидди ин нобакорон мо сокинони оддӣ анҷом дода метавонем, қабл аз ҳама ба суханони инсонфиребонаи эшон гӯш надиҳем ва аҳли ҷомеъаро аз ҳар гуна хатари шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳои тундгаро эмин нигоҳ дорем. Бо далелҳо воқиф гардидем, ки терроризм дин, миллат ва Ватан надорад. Инро мо дар тартибу низоми корбарии нохалафонаи роҳбарияти ин гурӯҳ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш баръало дида метавонем. Ҳар як сатри наворҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки наҳзатиҳо хеҷ гоҳ ба инсони солим табдил намеёбанд. Чунки дар ниҳоди ӯ танҳо як чиз аст, ин нест кардани миллат, поймол кардани ҳуқуқи инсонҳо ва дар зери таъсири худ нигоҳ доштани аҳли ҷомеъа мебошад. Ин лаҳзаҳо дар сарнавишти халқи тоҷик замони пурфоҷиа арзёбӣ гардида, таърихи инсоният инро инъикос намуда, ба ояндагон ба таври дақиқ расонида метавонад.

Омӯзгори МТМУ №2-и ш.Хоруғ Риҷабекова К.

Search